ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навободи Нур”-и ноҳияи Ховалинг аъзои ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025, номзадҳо ба вакилӣ, ки аз ҳисоби ҲХДТ пешбарӣ гардидаанд ва Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд.
Аъзои ташкилот оид ба ҳуқуқ ва вазифаҳои интихобкунанда, номзадҳои пешбаригардидаи ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, худпешбарӣ ба вакилӣ, рӯзи баргузории интихобот, ҳавзаҳои интихоботӣ ва дастуру супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат баёнгардида суолҳо дода ҷавобҳои қаноатбахшкунанда гирифтанд. Изҳор доштанд, ки дар интихобот ба тарафдории ҲХДТ ва номзадҳои он овоз медиҳанд. Зеро дар сиёсати созанда, бунёдкорона, сулҳдӯстона, инсонпарваронаю ятимпарваронаи Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихотии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 ҳаёти пурсаодати худ ва рушди бемайлони Тоҷикистони азизро мебинанд.