
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Фирӯз»-и Ҷамоати деҳоти «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулон иброз доштанд, ки Барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва бо чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.