ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” баргузор гардид.
Масъулини дар бораи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфтанд.
Ҳамзамон дар бораи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” аз 4-уми декабри соли 2019, №1380 суханронӣ намуданд.