ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таълимии №2-и шаҳри Левакант масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Ҷавонон» ва як гурӯҳ аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ҷавононе, ки бори нахуст овоз медиҳанд, вохӯрӣ доир карданд.
Зимни вохӯрӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи мазкур ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр изҳор доштанд, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба ҷавонон диққати махсус зоҳир гардида, дар банди ҳафтуми он Бахши сиёсати ҷавонон ва варзиш дарҷ гардидааст.
Дар вохӯрӣ инчунин дар бораи иштироки фаъолона дар корҳои пешазинтихоботӣ, саҳм гузоштан дар шаффофу демократӣ гузаштани он ва ҳоказо сухан гуфтанд. Аҳли толор вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида саволҳо дода, ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.