БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР АМАЛ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. 

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, аъзои гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат, инчунин таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои ҳизб ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо сокинони  деҳаи Гагарини Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.

Инчунин дар вохӯрӣ хонандагони синфҳои болоии муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №54–и ноҳия, ки аввалин маротиба дар интихобот иштирок мекунанд, ҳузур доштанд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки моро зарур аст бо шинохти манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло ва дӯст доштани Ватан дар интихоботи дарпешистода иштирок карда, вакилони арзандаро интихоб намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg