ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати Утақара Назаров”-и ноҳияи Қубодиён таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур дар суханронии худ оид ба роҳҳои амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян гаштаанд, ёдовар шуда, иброз доштанд, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб бояд бошад. Баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.