ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нусратулло Махсум”-и ноҳияи Қубодиён бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат”, омодагӣ ба маъракаи сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, оид ба таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм хониши сиёсӣ баргузор гардид.