Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи хоҷагии об”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти мазкур доир шуд. Ташкилкунандагони чорабинӣ оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ карда, атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва дар ин замина вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ ва раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд. Дар анҷоми вохӯри бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳия аксияи ҳизбӣ ташкил карда, ба як нафар ниёзманд кумаки молиявӣ расонида шуд.