БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РАҲНАМОИ МО!

АНДЕША. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷиллои миллат равшан инъикос мешавад, ва мо бояд ба қадри ин нишонаи хастии миллатамон расем ва дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмиллалӣ эътибори аввалиндараҷа дихем.

Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки муҳимтарини онҳо бешак масъалаи азхудкунии забонҳо буд. Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли Модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиямон ҳифз кунем. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷиллои миллат равшан инъикос мешавад. Дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмиллали эътибори аввалиндараҷа бидиҳем. Мо омузиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамои, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани чомеа густариш медихем. Аз ин рӯ ҳар як фарди бедордил барои ғани гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонхои хориҷӣ кушиш кунад ва ба мутолиаи китобҳои бадеӣ диққати аввалиндараҷа диҳад, ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.  Яъне мо бояд фарҳанги будани миллати худро ба ҷахониён бештар муаррифи намоем.  

Масъалаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат диққати махсус дод, ин масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати маорифчиён ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа аст. Ба хамагон маълум аст, ки зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асоси дошт ва дорад. Зеро иффату зебои, фурутаниву маърифатнокӣ хосси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Ҳамин аст, ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хосса дода, кушидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндаги пешоханг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медихад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кудакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳангӣ оиладориро ташкил медиҳад.  Нақши зан-модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарханг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Умед аст, ки дар амали намудани паёму конунҳои мазкур духтарон ва бонувони мо ҳамчун шахсиятҳои арзандаи халку Ватан амал хоҳанд намуд.

н.и.п., дотсент   Мукаддас Рустамзода,   декани факултети забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg