БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН САҲМИ БОСАЗОИ ХУДРО МЕГУЗОРЕМ!

АНДЕША. Дар Паёми имсолаи хеш Ҷаноби Олӣ барои бозҳам равнақи соҳаи маорифи кишвар махсус таъкидҳо намуданд: Аз ҷумла барои таъмин намудани рушди бемайлони тамоми инфрасохторҳои хоҷагии халқи мамлакат, ҳамчунин барои қафо намондан аз раванди рушди босуръати технологияи муосир Ҷаноби Олӣ пешниҳод намудаанд, ки солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

Мо боварии комил дорем, ки иқдоми Сарвари давлат имконият медиҳад, ки рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар дар давраҳои таърих барои садсолаҳо таъмин карда мешавад. Инчунин дар суханронии роҳбари давлат дар бораи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноаткунонии кишвар барои беҳбуд бахшидани зиндагии мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содироти мамлакат ва пурзур намудани иқтисодиёти давлат изҳори андеша шуда, роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳои баланд баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин дар Паёми солонаи хеш Пешвои миллат, дар бораи мақоми занон дар ҷомеа сухан рондаанд: “Ба қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқубунёду дунявӣ  саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ, дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.

Зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мо бонувони кишвар талош меварзем, ки дар ҷомеаи имрӯза нақши муассир дошта бошем. Дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми босазо гузошта онҳоро дар ҷодаи  илму маърифат роҳнамоӣ намоем.

Нурализода Наргис, ­номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри бохтар аз ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg