БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲИДОЯТГАРИ ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОН.

АНДЕША. Яке аз рукунҳои муҳими давлатӣ соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамъбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ ироа намудани Паём аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат тамоман давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Кишоварзӣ, дорусозӣ, паррандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30–намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудаанд. Зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетика таъкид шуд, ки амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми нерўи барқ дар ҳафт соли охир, яъне солҳои 2013 – 2019 1,3 баробар аз 16 миллиард ба 20 миллиард килловат соат афзоиш ёфт. Дар робита ба ин масъала Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки бо истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ тавасути баҳрабардорӣ аз техналогияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо, таҷдидӣ, барқарорсози шабакаҳои мавҷуда, ҷори намудани низоми муосирӣ назорати баҳисобгирӣ ва коҳиш додани нерўи барқ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бунёди инфрасохтори нақлиёт, барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти Ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Имрўзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 – лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Сохтмони яке, аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ иникоскунандаи рушди Кишвар ба сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Истифодаи манбаҳои васеъи барқароршавандаи энергия ва хусус захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосӣ таъмини энергияи «Сабз» ва рушди иқтисодии сабз ба ҳисоб меравад. Ба пурра ба кор даровардани нерўгоҳи барқии обии Роғун, Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ба қатори 3–юмин кишвари аввали тавлидкунандаи энергияи «Сабз» шомил мегардад.

Маҷмуан Созмони Миллали Муттаҳид бо дастгирӣ ва ташаббуси чаҳорум мамлакати мо дар кишварҳои норасои об дар онҳо зиёдбуда як силсила Барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин рўзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчунин пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2025» доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомидани дар ҳамкори шарикони рушт 52–лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ кардааст.

Дар натиҷа шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Ҳиссор ва ноҳияҳои Панҷу Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ мушкилоти таъмини аҳолӣ бо оби босифати нўшокӣ асосан ҳал гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз барои пешрафти соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди Варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Дар марҳилаи кунуни Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дод. Соли 2019 ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130–муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин шумора 32– муассиса ва қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ва шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи без аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳисаи онҳо дар сохтмони таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф бо дигар бахшҳои рушд рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Соли 2020 сохтмонӣ 181–муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшону қаҳрамонони диловару гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи Ватандўстӣ, садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъсиси ҳарчи бештар ҷойҳои корӣ рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарурӣ медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаи осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода вобаста ба рушди иқтисодиёт, барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷўӣ менамоянд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявӣ муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият доранд ва ин бартари дар солҳои минбаъда низ боқи мемонад.

Дар охир Пешвои-миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки – Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам. Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, «Ватани аҷдодамон Тоҷикитонро озоду-маҳбуб мебошад низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи худ мулки обод мерос гузорем, то ин ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати Ватани дустонаи мову Шумо ифтихор намоянд.

 

Ҳамрозода Комил, муовини раисудири шўъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg