АНДЕША. Мо хуб медонем, ки ҲХДТ дар кадом айём чун нерўи сиёсӣ бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омад. Яке аз ҳадафҳои асосии ин ҳизб дар он айём хотима бахшидан ба ҷанги нангини ҳамватанӣ, сарҷамъсозии миллат ва рушди баъдиҷангии мамлакат маҳсуб меёфт ва бояд гуфт, ки сарбаландона ин ормони миллиро бароварда тавонист.
Мо мебинем ва шоҳиди он ҳастем, ки миёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва дигар ташкилоту азҳоби сиёсии ноҳия иртиботи қавӣ ба роҳ монда шудааст ва муколамаи судманди ҳизбҳо мавҷуд аст. Нақши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар рушду нумўи ҷомеа низ назаррас мебошад. Бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони худ Кумита бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани Интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони ҳалқ ва пирӯз гардидани номзадҳои ҲХДТ пайваста талош меварзанд. ҲХДТ дар парлумони кишвар ва маҷлисҳои вилоятию ноҳиявӣ нисбат ба дигар азҳоби сиёсӣ сернамояндатарин ба ҳисоб меравад ва ин гувоҳи маъруфияти он дар ҷомеа аст.
Холов Барфихон –номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи №33 ноҳияи Ёвон