ХОВАЛИНГ. Дардоираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар вохӯрии дар ташкилоти ибтидоии “Эҳсон” гузаронидашуда аъзои гурӯҳи таблиғотӣ аз Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, номзадҳои он аз ҳисоби ҲХДТ пешбаригардида ва Паёми навбатӣ маълумот доданд.
Дар баромадҳо қайд гардид, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, озод, шаффоф, демократӣ ва дар доираи қонун гузаронидани он ба масъулиятшиносии ҳар як интихобкунанда вобастагии калон дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда таъкид карда шуд, ки ҳамчун шаҳрванди мамлакат, дӯстдори Ватан мо ҳар кадом вазифадорем, дар рӯзи интихобот ба участкаи интихоботӣ рафта, мавқеи худро муайян созем. Ба тарафдории номзаде, ки дар ҳақиқат арзанда аст, овоз диҳем.Зеро мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.