ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо мақсади омӯзиши Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020-2025, Паёми навбатӣ бо иштироки аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Сохмончиён”-и Ҷамоати деҳоти Ховалинг бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар мулоқот аъзои Ситод баромад намуда, дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ номзадҳои он ва Паёми Пешвои миллат ба ҳозирин маълумот дода, онҳоро барои иштироки фаъолона дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ даъват намуданд. Дар охир интихобкунандагон ба ҳамаи суолу пурсишҳои худ ҷавобҳои қаноатбахшкунанда гирифта, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва дастуру ҳидоятҳои Паёмро бо дилгармӣ пазируфтанд.