ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» ва ҳамзамон шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати «Ғалаба» мулоқот баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ дар назди ҳозирин моҳияти 20 солаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон шудани солҳои 2020 - 2040-ро шарҳ дода, ҳамзамон оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 суханронӣ намуданд.
Дар охир ба ташкилоти ибтидоии мазкур маводҳои таблиғотӣ, аз қабили китобчаҳо, буклетҳо ва тақвими деворӣ бо акси Пешвои миллат тақдим карда шуд.