КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи сили минтақаи Кӯлоб” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ доир гардид.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки дар Паёми имсола ҳар як сухане, ки иброз мегардад як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад. Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукаммал мебошад, ки Пешвои миллат мо ҷавононро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд. Ҳамеша мн маҳорату малакаро барои ободии Ватан равона созанд.
Дар охири ҷаласа изҳор доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоеро мемонад, ки мо фаъолияти минбаъдаи хешро боз ҳам такмил диҳем ва баҳри солимии ҷомеа ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат саҳмгузорӣ намоем.