БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади расонидани шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғибу ташвиқи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дар ташкилоти ибтидоии “Лаёқат” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои гурӯҳи таблиғотӣ иштирок намуданд.

Нахуст, ҳозирин ба сухан баромада, ибрози андеша намуданд, ки ҲХДТ ба соҳаҳои илму маориф эътиборӣ ҷиддӣ, дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф месозад. Илму маориф дар меҳвари сиёсати Барномавии ҳизб қарор дошта, пеш аз ҳама дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар ҳадафҳои худро равона месозад.

Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки дар интихобот ҳар шахс озодона метавонад ширкат варзида, ба вакили арзанда овоз диҳад. Овози ҳар як шаҳрванд барои пешрафт ва тақдири ояндаи давлату миллат бисёр ҳам муҳим буда, моро водор месозад, ки дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона ширкат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg