БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар ташкилотҳои ибтидоии “Ободкор” ва “Таълими калонсолон” вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, раванди иштирок ҷавонон дар интихобот бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ доир гардид.

Дар рафти суҳбат масъулин баромад намуда, оид ба Паёми навбатӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, раванди иштирок ҷавонон дар интихобот ва дигар самтҳои афзалиятноки ҲХДТ фикру ақидаҳои хешро баён намуданд.

Инчунин, қайд гардид, ки Пешвои миллат зимни Паёми хеш баён карданд, ки “Мо ба соҳаи маориф ва илм низ диққати махсус дода, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ  садҳо иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳои замонавӣ, бо техникаву техналогияҳои муассир бунёд ва мавриди истифода қарор додем. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати  таълиму тарбия ба куллӣ тағйир ёфта истодааст”. Андешидани чунин тадбирҳои созанда дар соҳаи маориф ќобили дастгирӣ буда, бо ин васила метавон љавононро дар рӯњияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуд. Дар баробари ин аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоби парлумонӣ, ки санаи 1.03.2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg