ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Фирдавсӣ”-и ноҳияи Қубодиён ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроия аз дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани 13-ҳуми ҲХДТ санаи 13-уми декабри соли 2019 дар ҳузури 1917 вакил ироа доштанд, ёдоварӣ намуд.
Ҳамчунин, мавсуф доир ба масъалаи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифтааст, сухан гуфта, қайд намуд, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии миллат мусоидат намояд.