БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри дар амал ташвиқ намудани Барномаи ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии "Беморхона-и №1” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон вохӯрӣ баргузор гардид.
Сарравал роҳбарияти Кумитаи иҷроия ба сухан баромада, изҳор дошт, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат барои ободкориву созандагӣ ва ташаббускорӣ дар роҳи ба даст овардани муваффақиятҳо дар ҳамаи самтҳои афзалиятноки ҷомеа мебошад. Инчунин, мавсуф вобаста ба Барномаи ҲХДТ баёни андеша намуд. Дар идомаи суҳбат ҳамаи иштирокдорон ибрози назар карда, гуфтанд, ки Паёми Пешвои миллатро дар кору фаъолияти ҳамарӯзаи худ истифода хоҳанд кард.