
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ гардидани ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Озодӣ», “Саъдӣ”, “Қ. Эргашев” ва “А. Фирдавсӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ аз сокинони маҳаллаҳои дар боло зикршуда даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ -интихоботи дар пешистода бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ширкат карда, дар пешрафти ояндаи босаодати кишвар саҳм гузоранд.