БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ МЕБАРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикистон»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин  дар баромади худ иброз доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавиест, ки дар маҷмӯъ, таҷрибаи давлатдорӣ, соҳаҳои ҳаётан муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои истиқлолият ва махсусан солҳои охирро таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ намудааст.
Иброз шуд, ки оила зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта ҲХДТ низ дар Барномаи худ барои солҳои 2020-2025 сиёсати гендерӣ ва оиларо самти асосии худ қарор дода, нақшаҳои мушаххасро дар ин самт пайгирӣ намудааст. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg