ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҳизб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МДНРА”-и ноҳияи Темурмалик вохӯрӣ баргузор гардид.
Сароғоз масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур атрофи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон дар бораи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” аз 4 – уми декабри соли 2019, №1380 ёдрас шуданд.