БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБ БАРНОМАИ МУКАММАЛ БАРОИ ҲИЗБИЁН АСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали корӣ аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзои  ташкилоти ибтидоии «Гулобод-1»  вохӯрӣ  роҳандозӣ намуданд. Масъалаҳое, ки дар меҳвари вохӯрӣ қарор гирифтанд, омодагӣ ба интихоботи вакилони мардумӣ ва омӯзиши Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, оид ба ин масъалаҳо ба иштирокдорон   корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Иброз шуд, ки вазифаи ҲХДТ дар шароити басо мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва минтақа, хатарҳои терроризму экстремизм аз он иборат аст, ки  баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, субботу амният ва ягонагии халқи Тоҷикистон ҳамеша талош намояд. Дар баробари ин вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб ҳифзи давлату давлатдорӣ ва нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар кишвар мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg