БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ САОДАТИ ХАЛҚ АСТ

Данғара: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳаи Зулол”-и Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар ҷамъомад масъулон қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам  овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон дар тӯли чаҳоряк аср талош дорад. Тоҷикистонро ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии давлат усули баробарӣ,  дӯстӣ,  тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи иқтисодиро бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ба  роҳ мондааст ва минбаъд низ ин сиёсатро дастгирӣ ва идома медиҳад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg