БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИСБАТИ СОЛИМИИ ҶОМЕА АҲАМИЯТ БОЯД ҶИДДӢ БОШАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»-и шаҳраки Ҳулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор  шуд.

Дар мулоқот масъулин оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат дар соҳаи тиб суханронӣ карданд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба солимии ҷомеъа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дикқати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодааст. Давоми 3 сол, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишвар дар ҷумӽурӣ беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандрустӣ бунёд карда мешавад. Бо вуҷуди пешравиҳо, камбудиҳо низ аз ҷумла ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ талаб кардани маблағ ва доруворӣ, паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мушоҳида мешавад. Дар Паём Роҳбари давлат Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор кард то дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg