
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулбоғ» вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрӣ доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суханронӣ шуд.
Иброз доштанд, ки ҲХДТ яке аз ҳизбҳои сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим дорад.