![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200121_105023_0.jpg?itok=grl01-8b)
БОХТАР: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккул ва инкишофи ҳаёти маънавӣ, зеҳнӣ ва дастуру раҳнамои ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, ки барои шарҳу тавзеҳи он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи шаҳр” бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он аз тарафи намояндагони Кумитаи иҷроия аз ҷумла қайд гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ муқарраркунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва дар ин росто муайянкунандаи вазифаи ҳар сокини кишвар дар роҳи татбиқи амалии он мебошад.