
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кумаки хонагӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид. Дар вохӯри масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия атрофи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ карданд.