
Ш.ШОҲИН. дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидои деҳаи «Ёл»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар масъулин доир ба масъалаҳои муҳими дар Паёми навбатии Пешвои миллат дарҷгардида оид ба захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди «энергияи сабз» ва саҳми мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра ибрози андеша намуда, сокинонро ба сариштакорона истифода бурдани оби ошомиданӣ ва ҳифзи муҳити зист даъват сохтанд.
Инчунин, қайд гардид, ки мо ҳизбиёнро зарур аст, барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намудани интихобот-2020 аз тамоми имкониятҳо истифода барем ва дар доираи қонунҳои амалкунанда баҳри шаффофу демократӣ баргузор шудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ талош варзем то ин, ки номзадҳои арзандаи ҲХДТ дар интихобот пирӯзиро соҳиб гарданд.