БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИФОДАГАРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин атрофи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки Паёми Пешвои миллат яке аз рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ мегардад. Зеро ин санади сарнавиштсоз кору фаъолияти ҳар яки моро дар бахшҳои гуногун ба намоиш мегузорад ва самту роҳи расидан ба зинаҳои наву баландтари рушдро бароямон равшан месозад. Гузашта аз ин бояд қайд намуд, ки Паёми Президенти кишвар фарогири муҳимтарин масъалаҳои зиндагӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат мебошад. Инчунин, баромадкунандагон атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки дар бахши сиёсати иқтисодӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg