БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОН БОЯД ДАСТУ ДИЛИ ПОК ДОШТА БОШАНД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба   таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии   ҲХДТ ва  номзадҳои  ҳизб  ба  Маҷлисҳои  маҳаллии   вакилони  халқи вилояти  Ҳатлон  ва ноҳияи  Носири  Хусрав,  шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои  асосии  Паём дар ташкилоти ибтидоии  “Беморхонаи  №1”    дар  ростои  «Соли  шинохти  бештари  манфиатҳои  миллӣ» бо  иштироки  васеи  кормандон  ҷаласа  баргузор  гардид.  

Намояндагони ҳизбӣ дар  вохӯрӣ  баромад  намуда, қайд  карданд, ки   дар  Паёми  имсолаи  худ  Пешвои  миллат  соли  2019-ро барои  мардуми  Тоҷикистон  соли  бобарор  муаррифӣ  намуда, гуфтанд, ки дар  соли  сипаришуда  садҳо  иншоотҳои  тандурустӣ,  аз  ҷумла   беморхонаҳои  замонавӣ, марказҳои  саломативу  бунгоҳҳои  тиббӣ  бунёд  ва  мавриди  истифодабарӣ  қарор  дода  шуданд. Буҷети  соҳаи  тандурустӣ  сол  аз  сол  зиёд гардида,  он соли  ҷорӣ ба  2 миллиард  сомонӣ  пешбинӣ  шудааст.  Муассисаҳои  тиббии  шаҳру  ноҳияҳо  бо  таҷҳизоти  муосир  таъмин  карда  шуда  бошанд ҳам,  сатҳу  сифати  хизматрасониҳои  тиббӣ  ва  савияи  касбии  кормандони миёна ба  беҳбудӣ  ниёз  дорад. Ба  Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   супориш  дода  шуд, ки  фаъолияти  муассисаҳои  тиббиро  зери  назорати  қатъӣ  гирад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg