БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН БА ҶОНИБДОРИИ ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ!

АНДЕША. Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон –ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои бунёди  давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоидошта, барои беҳдошти  сифати  ҳаёти пурсаодати мардум талош намуда истодааст.

Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сифати ҳамидаи ахлоқӣ ва фарҳанги баланди аъзои худ такя намуд, донишу маҳорати онҳоро ба амалигардонии ғояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Давлате, ки  сохтор ва  фаъолияти  он ба  иродаи халқ вобастагӣ дорад, дар ин  ҳолат  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон риоя  ва ҳифз карда мешванд, давлати демократӣ эътироф карда мешавад. Давлати демократӣ қисми муҳими демократияи ҷомеаи шаҳрвандӣ буда,  асоси онро  таъмини  ҳуқуқу озодии инсон ташкил  медиҳад.

Дар давлати демократӣ сарчашмаи ҳокимияти мақомоти  давлатиро  соҳибихтиёри  халқ ташкил медиҳад.

Мақсади асосии Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Таъмини  ҳуқуқу озодиҳо ва зиндагии шоистаи мардум нишонаи  муҳими  давлати  демократӣ мебошад бе риояи  ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд ғайриимкон аст. Хушбахтона имрӯз роҳбари кишвари азизам Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Раиси Ҳизби Халки  Демократии Тоҷикистон буда,  ҳизби макур яке аз ҳизби  асосии  пешбарандаи  сохти давлатдории ҷомеаи демократӣ  ва дунявӣ  мебошад.

Ман ҷонибдори Ҳизби Халки  Демократии Тоҷикистон мебошам, ки  ҳизби мазкур  ба мардуми Тоҷикистон  сулҳу суббот,  тинҷиву оромӣ ва Ҳукумати имрӯзаро тарғиб карда, дар зеҳни ҳар як шаҳрванд ҳисси ватандӯстӣ ва донистани қадру кимати Сулҳу Ваҳдатро меомӯзонад. Ҳисси  ифтихор  аз давлати соҳӣбистиқлол карданро бедор мекунад. 

Дар бюлитени  интихоботии  ҳизбҳои сиёӣ дар  рақами 7-ум  номнавис  мебошад райъи  худро медиҳам.

Ҳамчун  як  аъзои  фаъоли  Ҳизби Ҳалқии Демократии  Тоҷикистон  барои  яндаи  Тоҷикистони  гулгуншукуф ва соҳибистиқлолро ҳамеша бо зебогиаш, пешвариҳояш ва ягонагиаш мефахрам.  Фахр аз он мекунам, ки Тоҷикистониям.  Барои  ояндаи  давлат, ободӣ  ва  муҳимтар  аз ҳама беҳтаршавии  сатҳу  зиндагии  шоистаи  мардуми  шарифи  азизам, ки аз  Барномаи  пешазинтихоботии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  бармеоянд  ва  барои  расидан ба  онҳо вазифаи  ҳар  як аъзои  ҳизбро муайян менамояд  ҳамаҷониба талош мекунам.   

Бо ин андешаҳо ва хулосаҳои баровардаам барои ояндаи дурахшон ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз бо қалби пур аз меҳр меҳоҳам ба Ҳизби Халки Демократии Тоҷикистон овоз диҳам.

 Азимзода Машҳура, номзад ба вакилии  Маҷлиси вакилони  халқи  ноҳияи  Носири  Хусрав аз ҲХДТ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg