БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАҲНАМОИ МОСТ!

АНДЕША. Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушду пешрафти дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба соҳаи илму маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар назди масъулини ин соҳаҳои ҳаётан муҳим, ки  аз ҳастии миллату давлат дарак медиҳанд, вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Сарвари давлат  қайд намуданд, ки «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рȳ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷȳи илму донишро ҷой кунем.»

     Дастури Сарвари давлат оид ба хондани на камтар аз панҷ китоб дар як сол, ҳамасола баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» мо аҳли фарҳангро водор месозад, ки ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи нерӯи фарҳангӣ ва маънавии мардум, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Дар ҳақиқат масъалаи мазкур, яъне ба китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонону наврасон ва фароҳам овардани шароити мусоиди кори барои фаъолияти самарабахши муассисаҳои фарҳангӣ, ба хусус китобхонаҳои оммавӣ ба дастгириву сарпарастӣ ниёз дошт. Ва ба ин нукта диққати махсус додани Сарвари давлат дар ҳалли ин мушкилоти соҳа мусоидат менамояд.

Чунин дастури Сарвари давлат ҳар як масъули соҳаи китобдориро водор месозад, ки  масъулияти худро  баланд бардорад, дар навбати аввал савияи дониши худро сайқал диҳад, аз навгонию таҳаввулоти ҷаҳон, илму фарҳанг ва таърихи гузаштаи миллату давлат огоҳ бошад. Доираи маҳфилҳои адабии назди китобхонаро васеъ намояд. Ба  маҳфилҳо на танҳо  хонандагони муассаҳои таълимӣ, балки донишҷӯён ва дигар адабиётдȳстони  синну соли гуногунро   ҷалб намояд.

Чи хеле, ки Пешвои миллат дар Паёмашон гуфта гузаштанд озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ…» аз рȳи се самт: якум - миёни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, дуюм- таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм- дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монда шавад.

Бинобар ин ҳар як китобдор вазифадор аст, ки омори аниқи хонандагони фаъоли худро дошта бошад. Аз худи ҳамин рȳз сар карда,  бо онҳо робитаи доимӣ барқарор намуда, адабиётҳои лозимиро дарёфт  ва дастраси  онҳо гардонад

  Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат қабули қарор аз ҷониби  Конфронси генералии яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳон - ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 700 солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ  имкони бузурги муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷик ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар барои мардуми шарафманди тоҷик аст.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки «Мо  кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро  бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем».

Дар робита бо ин ва бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президент  аз нав чоп шуда, ба ҳар як оилаи тоҷик туҳфа карда мешавад.

Боиси қайд аст, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамчун барномаи мукаммал барои рушду нумӯ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ хидмат хоҳад кард.

Аъзоёни  ташкилоти ибтидоии ҳизбии  бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Паёми Пешвои муаззами миллатро ҳамчун роҳнамои фаъолият сармашқи кори худ қарор дода,  бо руҳбаландӣ аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Президенти кишвар нисбат ба соҳаи фарҳанг  барномаи мукамали зеринро  таҳия ва мавриди иҷро қарор додаанд:

- Ташкил намудани гȳшаву намоишҳои китобӣ таҳти унвони «Паёми Пешво - раҳнамои мо» дар муассисаҳои клубӣ ва китобхонаҳои оммавӣ;

- Беҳбуд бахшидан ба кору фаъолияти китобхонаҳо, осорхона, мактаби санъати бачагона ва муассисаҳои клубӣ ҳамчун маркази муҳими илму фарҳанг;

- Такмил додани савияи дониши кормандони соҳа ва ҷалби мутахассисони касбӣ ба кор;

       - Баргузор намудани конференсияҳо, нишастҳои адабию маърифатӣ дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040- «Бистсолаи омȳзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»;

- Доир намудани нишастҳои илмию адабӣ, таъсис додани гȳшаву намоишҳои китобҳои илмию таърихӣ оид ба қабул гардидани қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500 солагии Саразми бостонӣ ва 700 солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ;

         - Тариқи фаъолгардонии маҳфилҳои назди муассисаҳои фарҳангӣ ва баргузории кастингу озмунҳо дарёфт намудани падидаҳои нави ҳунарӣ, хонандагон ва донандагони осори адабӣ, шеъру ғазал ва достонҳо аз адабиёти муосир, классик ва адабиёти ҷаҳон,  дар ин замина ҷалби бештари аҳолӣ ба хусус   ҷавонону наврасон ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман»;

- Доир намудани нишасту вохӯриҳои адибону таърихнигорон ва омӯзгорони варзида бо насли наврас оид ба омӯзиш ва шинохти дурусти таърихи пурифтихори халқи точик аз рȳи шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», муаррифии арзиши  илмии ин асари безавол ба қишрҳои мухталифи ҷомеа;

-  Идома бахшидан ба омӯзиш,  дарёфт ва рушди ҳунарҳои қадимаи миллӣ, муаррифӣ ва тарғиби мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва бостонии ноҳия ба воситаи маводҳои тарғиботӣ, чопи китобҳо ва хабару мақолаҳо дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»;

- Ҳамкории муштарак бо Пажуҳишгоҳи таъриху бостоншиносии АУ Тоҷикистон дар корҳои ҳарфиётию археологии мавзеъҳои таърихии ноҳия.

- Ташкили китобҳои бақайдгирӣ оид ба омори дурусти ташрифи сайёҳон ба ноҳия;

- Пешниҳоди дархост ва ҷалби соҳибкорону сарпарастон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва азнавсозии биноҳои садамавию таъмирталаби муассисаҳои фарҳангӣ;

- Бо мақсади инкишофи зеҳният ва нутқи шифоҳию хаттии кормандони соҳаи фарҳанг ташкили дарсҳои омӯзиши забони адабии тоҷик ва   забонҳои русӣ ва англисӣ;

- Андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати   ҷалби роҳбарону кормандони соҳаҳои гуногун, ба хусус кормандони соҳаи фарҳанг ба китобхонӣ ва  китобхонаҳо;  

- Тақвият бахшидани  чорабиниҳо ва корҳои   фахмондадиҳӣ  оиди  равандҳои номатлуби замони  муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона, терроризму экстремизм,  муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одам ва ғайра;

- Татбиқ ва таҳким бахшидан ба таъмини иҷрои санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмиллалӣ «Консепсияи ҳуқуқи кӯдак» ва  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатӣ» ва дигар  барномаҳои давлатии соҳаи фарҳанг;

- Дарёфт ва ҷалби сарпарастон оид ба таъмин ва харидорӣ намудани асарҳои  бадеӣ, ҳамкорӣ намудан бо аҳолии ноҳия оиди супоридани китобҳои бекорхобида дар хона ва анборҳои шахсии онҳо,  дар ин замина ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои оммавӣ дар деҳот.

      Аъзоёни ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бахши  фарҳанги ноҳия иҷрои ҳар як нуктаи  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ вазифаи пуршарафи  худ дониста, барои сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  садоқатмандона кору фаъолият менамоянд.

 Боварӣ дорем, ки  дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар боло зикргардидаи Пешвои миллат  ҳар як фарди соҳибдилу ватандȳст  ва  худогоҳу бофарҳанги   ноҳия  бо дарки масъулият бо мо ҳамкорӣ  менамоянд.

 

        Наргис Ҳикматова, аъзои ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Бахши фарҳанг”-и ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg