БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ РАВАНДИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ Кодара 2 ”- и ҷамоати  деҳоти Панҷруд  вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид. Зимни баромад роҳбарияти Кумитаи иҷроия  иброз дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии малакат дар бораи мақоми занону духтарон дар ҷомеаи имрӯза баён кардаанд: Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамояд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70%, тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67%, фарҳанг 51% ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 %- ро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.

Инчунин, мавсуф  доир ба  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ карда, қайд намуд, ки бо шарофати саҳми сазовори ҲХДТ  дигаргуниҳои ҳаёти ҷомеаи муосир суботи макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди устувори тамоми соҳаҳои  иқтисоди миллӣ таъмин гардидааст.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg