БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪРИХИ ПУРИФТИХОРИ ХАЛҚИ ТОҶИК МАКТАБИ БУЗУРГИ ХУДШИНОСӢ МЕБОШАД!

АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳадафу барнома ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои боз як соли дигар ва дар умум барои солҳои минбаъда низ даққиқу мушаххас намуд.

Боиси таваҷҷуҳи  хос аст, ки Пешвои миллат Паёми имсолаи хешро бо ишорат ба  рўйдодҳои муҳиму хотирмони таърихӣ ва рамзи накўиву саодат ба хушбахтии мардуми тоҷик, ки дар давоми соли 2019 роҳандозӣ гардиданд, оғоз намуданд.

Аввалан, татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоxикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он дар шаҳри Душанбе,  сониян ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Xумҳурии Тоxикистон ба кор андохтани чархаи дуюми Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, мебошанд.

Ин рўйдодҳои воқеан ҳам муҳим дар иқтисодиёт ва иxтимоиёти кишвар  бо оғози марҳилаи тозаи таҳаввулоти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо заминаҳои устувор гузошта, дар таъмини нуфузи мақоми баланди кишвар ҳамчун давлати ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ таъсиргузор хоҳанд буд.

Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсусро  ба рушди бахши хусусӣ, ки  заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо муҳайё месозад, доданд.

Вобаста ба ин, xиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли оянда дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.

То имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонида шуданд.

Дар воқеъ мо ба ҳамаи ин ҳадафҳои наҷиби фардосоз инчунин татбиқи Барномаҳои бузурги давлатӣ танҳо дар сурате мушарраф мегардем, ки мутахассисони ҷавобгў ба замони муосир омода намоем. Чӣ тавре дар Паём Пешвои миллат зикр намуданд: «Мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо маром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф менамоем.

Дар ин замина, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид, ки иxрои ин дастурҳо аз  мутахассисони соҳаи маориф масъулияти баландро тақозо менамояд. Масъулияти тайёр намудани мутахассисон пеш аз ҳама ба души омўзгорони соҳибкасб, хирадманду соҳибтаҷриба вобастагӣ дорад.

Зикр ба қайд аст, ки дар заминаи амалū гардидани нақшаю чорабиниҳо вобаста ба Солҳои рушди деҳот сайёҳи ва хунарҳои мардумū дар зарфи 1 сол дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Ҳамчунин дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Новобаста ба ин муваффақиятҳо лозим аст, ки сокинон ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ чунин таъкид намуданд: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».

Дар ҳақиқат ин гуфтаҳои оқилонаву хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки аз сулҳу суббот, оромии диёр, аз пешрафту шукуфоии он шукрона намуда, ба қадри ин давлату сарзамин бирасем, зеро ки ин диёр аз мост.

 

Ҳасанова Нигора- муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg