БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ТАТБИҚИ АМАЛИИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ САФАРБАР ГАРДИДАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба тарғиби муҳтавои Паёми навбатӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  дар ташкилоти  ибтидоии “Деҳоти Нури Ваҳдат”  хониши сиёсӣ роҳандозӣ намуданд.

Мавзӯи хониши сиёсӣ  шарҳу тавзеҳ ва татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардида, ҳамзамон дар раванди суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва Аксияи тарғиботӣ амалии  “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ гардида, қайд шуд, ки аввалин бор дар даврони соҳибистиқлолӣ  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб мушаххас карда шуда, дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳо ба таври фарогир сокинон барои саҳм гузоштан дар татбиқи амалии нуктаҳои асосии Паём сафарбар гардиданд. Ин тадбиру иқдомҳо аҳамияти баланди ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти наздик будани сохторҳои ҳизбӣ бо халқ амалан собит кард.

Дар Паёми имсола иқдомҳои шоиста низ рӯи даст гирифта шудаанд, амалан бо дастгирии мардуми заҳматкаши кишвар  амалӣ  мегарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg