БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ХИЗМАТ МЕНАМОЕМ!

ПАНҶ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатӣ дар  ташкилоти ибтидоии «Гулобод-2» оид ба баррасии муҳтавои Паёми навбатӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ гузаронида шуд.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат рушди соҳаи кишоварзиро масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки дар солҳои минбаъда паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд.

Сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Бо назардошти ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.

Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ  оид ба соли 2020 ҳамчун Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ эълон гардидан андешаронӣ карда шуда,  даъват шуд, ки ҳизбиён зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” содиқона хизмат намоянд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg