БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ШАФФОФУ ОДИЛОНА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ИНТИХОБОТ АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ доир гардид.

Чуноне, ки зикр шуд ҳадаф аз баргузории он шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи васеи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мебошад. Дар рафти вохӯрӣ Паёми навбатии Сарвари давлат ҳамчун ҳуҷҷати татбиқкунандаи  ҳадафҳои олӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, паҳлуҳои алоҳидаи он шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар миёни иштирокдорон ҳамчунин доир ба интихоботи дарпешистода, муҳтавои барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, таъмини иштироки фаъолонаи мардум ва талош намудан баҳри шаффофу одилона гузаштани он сухан рафт. Инчунин, қайд гардид, ки бо заҳмату талоши ташкилоти ибтидоӣ корҳои сабзу хуррамгардонии кӯчаҳои шаҳр бомаром идома дорад.

Бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар даромадгоҳи шаҳр гулгаштеро барои гулшинонӣ омода карда шудааст, ки то имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ ва кӯчаҳои шаҳр аллакай миқдори зиёди ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои бисёрсола шинонида шудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg