КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои расонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи парлумонӣ дар ташкилоти ибтидоии "Фурудгоҳ" бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин таъкид намуданд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар поёни моҳи декабр ироа мегардад, ба таври барҷаста ва равшан ҳадафу мароми мардуми тоҷикро барои боз як соли дигар муқаррар менамояд. Дар идома, қайд карда шуд, ки Паём водоркунада ва ба ҳар як шаҳрванд барои анҷоми корҳои созанда раҳнамунсоз мебошад.
Дар идомаи суҳбат раиси ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллатро бо итминони комил метавон дастур, оина ва раҳнамоӣ воқеан худшиносии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон кард, зеро дар он Пешвои миллат ба таври воқеӣ ба муҳимтарин рукнҳои худшиносии миллӣ – чун забон ва гиромидошти он, мутолиаи китоб ва фарҳанги китобдориву китобхонии тоҷикон, шинохти манзалати таърихии миллати тоҷик, муаррифӣи ва тарғиби дастовардҳои фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд, шарҳу тафсир ёфта, дар ин замина барнома ва ҳадафҳои наҷибу бузург муқаррар гардиданд.
Дар охир иштирокдорон ба сухан баромада, афзуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ саҳми арзишманди худро хоҳем гузошт.
Баъд аз ҷамъбасти маҷлис масъулин аз утоқи кории ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, ба фаъоиляти ташкилоти ибтидоӣ баҳои баланд доданд.