БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Мададгор” вобаста ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, раванди иштироки ҷавонон бо иштироки корманди масъули ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.

Дар рафти суҳбат масъулин  оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, раванди иштироки ҷавонон дар интихобот фикру ақидаҳои хешро баён намуданд. Инчунин, қайд карда шуд, ки Пешвои миллат зимни Паёми хеш баён карданд, ки “Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст”. Андешидани чунин тадбирҳои созанда дар соҳаи тандурустӣ маҳз бо мақсади солим нигоҳ доштани ҷомеа равона шудааст.

Дар баробари ин, дастгириҳои Пешвои миллат аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихоби парлумонӣ, ки санаи 1.03.2020 баргузор мегардад, фаъолона ширкат варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg