КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми навбатӣ ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати Кӯлоб” мулоқот доир гардид.
Зимни баромади хеш роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ибрози андеша намуданд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона шудааст. Мо бар он бояд талош кунем, ки чорабинии муҳими сиёсии дар пешистодаро дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, шаффоф ва демократӣ доир гардад. Мо масъулинро зарур аст, ки дар марҳилаи омодагӣ ба ин чорабинӣ корҳоро бо ҷавононе, ки дар чунин маъракаҳои муҳим бори аввал иштирок мекунанд, тақвият бахшида, ба онҳо муҳимияти иштирок дар интихоботро фаҳмонем. Зеро овози ҳар як шаҳрванд дар интихобот муҳим аст. Дар қисмати фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон ба ҳозирин суолҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.