БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЧӢ, МАН БА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲАМ

АНДЕША. Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  зодаи  замони  Истиқлолияти  Тоҷикистон  буда, дар  майдони  сиёсии  Ватан мавқеи ҷонибдорони  худро  ёфта  дар  ҳамаи  ҷабҳаҳои  ҷомеа  эҳтироми баланд дарёфта  ба  як созмони  ифодагари  ниёзҳои  мардум табдил  ёфтааст.

Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  имрӯз  ба  як  нерӯи  сиёии  бунёдкору  созанда  фаъолият намуда  истодааст. Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  тавассути  Сарвараш   меъмори  сулҳу  ваҳдати  кишвар, дар  атрофи  худ  тамоми  нерӯҳои  солими  ҷомеаро  муттаҳид сохта, ба Тоҷикистони  соҳибистиқлол сулҳ овард  ва  онро  устувор гардонид.

ҲХДТ ҳамчун  нерӯи  сиёсии  баркамол  мушкилоти  дар  ҷомеа  мавҷударо  амиқу  равшан  таҳлил намуда, роҳу  усулҳои   ҳалли  зина  ба  зинаи онҳоро  ба  ҳукумат  ва  ҷомеа  пешниҳод  менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Барномаи  пешазинтихоботиаш   барои  ноил  шудан  ба  ҳадафҳои  стратегии  худ, ки  аз  сиёсати  хирадмандонаи  Асосузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бармеоянд тасим  гирифтааст, ки  ба  хотири  татбиқи  Стратегияи  милли  рушди  Тоҷикистон барои  то  давраи  соли  2030, ки  дар  он  хадафи  олии  рушди дарозмуҳлати  Тоҷикистон –баланд  бардоштани  сатҳи  зиндагии  мардуми  кишвар дар  асоси  таъмини  рушди  устувори  иқтисодӣ эълон  шудааст саҳми  босазо  гузорад.

Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон  дар  интихоботи  навбати  низ  бо  риояи  принсипҳои  демократияи  дохилиҳизбӣ қушин  ба  харҷ  медиҳад, ки  номзадҳои  арзандаи худро  бо  назардошти  иштироки  фаъоли  онҳо  дар  таҳия  ва  қабули  қонунҳои  муассир ва  таъмини  заминаҳои  ҳуқуқи  пешрафтаи  ҷомеа, пешбари намояд.  Вакилони  эҳтимолии пешбаришуда  мутахассисони  варзидаи соҳаҳои мухталиф аз ҷумла, сиёсат, илм, иқтисодиёт, ҳуқуқ, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, тиб, ҷавонон, иттилоот  буда  дар  соҳаҳои  мухталифи ҷомеа  кору  фаъолият  доранд, ки   барои  фароҳам  овардани  шароити  зиндагии  шоистаи  мардум  саҳми  худро  мегузоранд.

Кӯшишҳои  боҳашамате, ки  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳури  Тоҷикистон , Раиси  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон дар  роҳи тарақки  додани  иқтисодиёти  мамалакат ба  харҷ медиҳад, ҳатман дар ҳамин  мархилаи  кӯтоҳтарин миллат ба  рӯзгори оботар ва  хуштар  аз  имрӯза  мерасем. Сиёсати  Пешвои  миллат маънои  ғояҳои  давлатдориро  дорад.   Сиёсати Пешвои  муаззами  миллат ифодагари  манфиатҳои  миллӣ ва  омили  пешбурди ҳаёти  ҷамъиятӣ  аст.  

Дар Барномаи  пешазинтихоботии  Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон  Самтҳои  муҳимтарини рушди  мамлакат дар  солҳои  2020-2025-ро дар бар  мегирад  қисми  асосии  онро   асосан  иқтисодиёт  ва  тақвият  бахшидан  рушди  иқтисодию иҷтимоии  мамлакат ва  боло  бурдани  сатҳи  зиндагии  аҳолӣ  махсус  таъкид  гардидааст. 

Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон манфиатҳои  кишварроо  болотар  аз  ҳамаи  манфиатҳо  дониста, ба  ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва  шаҳрванд арҷ  мегузорад, ҳуқуқ,  озодӣ, шаъну  шарафи  инсонро эҳтиром мекунад.

Бо  итминон  комил  гуфта  метавонам, ки  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  бо  дастгири аъзоёну  ҷонибдоронаш  ва  мардуми  шарифи  Тоҷикистон таҳти  Сарвари  хирадманду  дурандешу ватадӯсташ  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо  татбиқи  ҳадафҳои барномавии  худ аз ҷумла барои  ноил  шудан  ба  ҳадфҳои Барномаи  пешазинтихоботии   худ зери  шиори  « Барои  пешрафт ва  зиндагии  шоистаи  мардум!»  кушиш  ба  харҷ  медиҳад.

Ман  ҳамчун  як  шаҳрванди  кишвар  аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон, ки  бароям  ҳар  як  пораи  хоки Ватан  азизу  муқаддас  аст,  барои  яндаи  хушу  хурсанди  фарзандонамон, рушду  шукуфоии  кишварамон  ба  тарфдории  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон овоз  медиҳам. 

 

Кабирова  Раҷабмоҳ, Аъзои  ҲХДТ аз ноҳияи Носири  Хусрав

                                                                                                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg