БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ БОВАРӢ БА ОЯНДАИ НЕК АСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар деҳаи Армуғони ноҳияи Данғара вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроия оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсола суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузории мамлакат санаи 26 декабри соли 2019 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат арзиши гарону камназири давлатдориро дар замони муосир соҳиб гардидааст. Дар идомаи суҳбат мавсуф  моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ -ро шарҳу тавзеҳ дода, ҳамагонро даъват бар он намуд, ки интихоби дурусти мо боварӣ ба ояндаи нек  аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg