ҶАЙҲУН: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нозироти андоз»-и ноҳияи мазкур хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Масъулин ёдовар шуданд, ки Пешвои миллат ҷиҳати таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав супориши қатъӣ дода, масъулонро водор карданд, то ҳангоми таҳияи он ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам соддаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд.
Ҳамчуни масъулин атрофи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 муфассал суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими неру ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.