БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОНИБДОРИ АЗ ҲХДТ ҲИМОЯ АЗ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИСТ!

Андеша.    Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  ҳизбест, ки  рисолати  асосиаш ба  даст  овардани  сулҳу  оромӣ, суботи  сиёсӣ ва  ваҳдати  сартосарӣ   дар кишварамон  буд. Имрӯз  ин  ҳизб вазифаи  таърихии  худро   иҷрои  намуда  дар  ҷомеаи  навини  тоҷикон  макеи сазовори худро дарёфт.

 Мақсаду  мароми  ҳизб пешрафти  иқтисодиву  иҷтимоии  кишвар ва  зиндагии  осоиштаи  мардум яъне  ободии  Ватани  маҳбубамон мебошад. 

 Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  ғояҳои  асосии  давлатдорӣ ва  давлатсозии  навини   тоҷиконро  дар  байни  мардум фаъолона  тарғибу ташвиқ карда, мақсаду  мароми  ҳизбро бо масъулияти  баланд  иҷро  намуда  истодааст.

Фаъолияти  густурдаи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ҳама  самтҳо гувоҳи  он аст, ки  он бо  барномаҳои  нав, ғояҳои  тоза ва  стратегияҳои  судманд вориди  ҷомеаи  муосир  шуда, ифодакунандаи  манфиатҳои  ҳаётии  ин  мардуми  сарбаланду  тамаддунсоз мебошад.

    Яке  аз  самтҳои  фаъолияти  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистонро анҷом  додани  амалҳои  хайр  ташкил  медиҳад. Аз  ҷониби  Кумитаи  Иҷроияи Марказии  ҳизб, Кумитаҳои  иҷроияи шаҳру  навоҳӣ  ва  аъзои  ҳизб  дар  арафаи  иду  чашнҳо ба  ятимону  маъюбон, камбизоатҳову  барҷомондагон ва  оилаҳои эҳтиёҷманд  кумакҳои  молӣ расонида мешавад, ки  ин  иқдом  ба  боло  рафтани  нуфузи  он  дар  ҷомеа  мусоидат мекунад.

        Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  асоси  идеяҳои  воқеан  санҷидашудаи  созанда ва  бунёдкоре  фаъолият  дорад,  ки  ҷавҳари  онро  мардумсолорӣ, бо  халқ  будан  ва  танҳо  манфиатҳои  миллӣ  ташкил  медиҳанд.

         Бо ҳамаи ин андешаронию хулосаҳо боварии комил дорем, ки дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, ҳар як фарди ватандӯсти кишвар барои ояндаи дурахшони фарзандонамон мулки ободу хуррам боқӣ гузоштанро марому мақсади  худ ҳисобида,  дар маъракаи интихобот  фаъолона  иштирок  намуда,  ба  тарафдории  ҲХДТ ва номзадҳои  он  овоз медиҳад.       

 

 Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири

Хусрав,  номзад  ба вакили

Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи

Носири Хусрав

Ализода  Сураё Ҷӯра.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg