Паём роҳнамои миллат!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии САҲШ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов ва мутахассиси ҳамин шуъба Насимахон Ғаффорова ва 10 нафар аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр доир карда шуд.

Масъулон аз ҷумла қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22.12.2017 ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.

Дар ин росто, бо дарназардошти он, ки муҳтавои Паём васеъ буда, таваҷҷуҳи ҷомеа вобаста ба мавзӯъҳои дар он баррасигардида хеле зиёд аст, вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки шарҳу тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври фарогир ба роҳ монда, халқро ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаву ободкор барои анҷоми вазифаҳои муайаншуда сафарбар намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg