ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ Кодара 1”- и ҷамоати деҳоти Панҷруди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии кормандони масъули ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни баромад роҳбарияти Кумитаи иҷроия иброз дошт, ки ҷашни муқаддасу бузурги 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалаҳои аҳолинишин кӯшиш намоянд- таъкид доштанд дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем.
Мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои таъхирнопазир ва амалӣ афзалият медиҳад.