БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДИРО МАРҲИЛАИ ОЛИИ РУШДУ ИНКИШОФ МЕДОНАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Анҷиркон” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паём ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни баромад роҳбарияти Кумитаи  иҷроия  қайд кард, ки дар Паёми имсолаашон  Пешвои миллат баён доштанд, ки  ман аз номи худ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла  ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон  ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ намудани Амри  Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

  ҲХДТ барои таҳия ва  татбиқи барномаҳои мақсадноки дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар  самтҳои  макроиқтисодӣ ва соҳаҳое, ки ба имконияту  захираҳои мавҷуда асос ёфта,  хусусиятҳои минтақавии  кишварро муайян мекунанд ва хусусияти амнияти иқтисодӣ доранд, талош менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg