БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ТАВОНИСТ ҶОМЕАРО АТРОФИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МУТТАҲИД НАМОЯД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдати”-и деҳаи Сайёраи Ҷамоати «20 –солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Масъулин дар назди ҳозирин атрофи самтҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 ва дар мавзӯи тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию хештнашиносӣ суханронӣ намуда, зикр  карданд, ки Барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.Ҳамчунин, дар охир  аҳамияти ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунонии  мамлакат дар рушди минбаъдаи кишвар ҳаматарафа шарҳ дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg